ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДМИТ ДАР НИММАРОФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 18-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ниммарафони мазкур ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, намояндагони зиёда аз 20 кишвари гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ниммарафони мазкур ба қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиии ҷумҳурӣ бо сарварии ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор устодон ва зиёда аз 200 донишҷӯ иштирок намуда, маҳорати варзишии хешро дар масофаи 21 ва 5 киллометр нишон доданд.
Бояд қайд кард, ки ин мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкил шуда, ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои ҳамкор ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаҳои созмонҳои байналмилалии марафон ва давҳои масофаи дур шомил гардидааст.
Метавон хулоса кард, ки таҷлили Рӯзи пойтахт имсол низ бо барномаи ғанӣ ва иштироки фаъолонаи сокинону меҳмонони шаҳр хотирмон баргузор хоҳанд гардид.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng