БЕҲТАРИН МУҲАҚҚИҚ АЗ ДДМИТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 18-уми апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи ба номи Одина Ҳошим” дар фазои идона ва пуршукуҳ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе доир гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли илму фарҳанг, устодону донишҷӯён ва меҳмонони сершумор доир шуда, ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангиву илмии пойтахт табдил ёфт.
Дар доираи ин ҳамоиш, ғолибони озмуни шаҳрӣ, барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои олимону муҳаққиқони ҷавон ва унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҳудуди пойтахт расман муаррифӣ гардиданд. Ҳадафи асосии ин озмун ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди иқтидори зеҳнӣ ва ҷалби бештари онҳо ба равандҳои инноватсионӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар миёни ғолибон намояндаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҷойгоҳи намоёнро ишғол намуд. Аз ҷумла, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои олимону муҳаққиқони ҷавон ва унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҳудуди пойтахт насиби Ҳамроев Мирсаид Исмоилович - муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии ДДМИТ гардид. Дастоварди мазкур натиҷаи меҳнати пайваста, таҳқиқоти амиқ ва саҳми назарраси ӯ дар рушди илми иқтисод ва фаъолияти инноватсионӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни маросими тантанавӣ, М. Ҳамроев бо шаҳодатномаи фахрӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуд. Мукофотҳо аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе дар фазои пурифтихор ва бо эҳтироми хоса тақдим гардида, ҳамчун нишони эътирофи хизматҳои арзандаи ҷавонони соҳибистеъдод арзёбӣ шуданд.
Бояд зикр намуд, ки чунин ташаббусҳо дар замони муосир нақши муҳим дар баланд бардоштани сатҳи илмӣ, таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мебозанд. Қадрдонии олимону муҳаққиқони ҷавон, бахусус дар сатҳи шаҳр, барои рушду густариши фаъолияти илмӣ ва татбиқи дастовардҳои нав дар иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин муваффақият бори дигар нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дорои иқтидори баланди илмӣ буда, метавонанд дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng