Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки устодону донишҷӯёни муассисаи мо дар озмунҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва бо ин васила, номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардоранд. Ин дастовардҳо гувоҳи сатҳи баланди омодагии илмӣ, маърифатӣ ва қобилияти рақобатпазирии донишҷӯёни донишгоҳ мебошанд.

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, се нафар намояндаи донишгоҳ - Сайдализода Гулчеҳра Шарифхон, Абдулҳақова Нилгуна Ҷамшедовна ва Мирзодавлатова Дилангез Фаруховна барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд. Ҳамзамон, барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе Ҳамроев Мирсаид Исмоилович - муовини сардори раёсати илм ва инноватсия ва устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, инчунин барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе дар самти техника ва технология Азимов Умедҷон Киромиддинович ва директори китобхонаи илмии донишгоҳ Азизулло Исматуллозода низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Онҳоро пас аз нисфирӯзии 18-уми апрел дар саҳни донишгоҳ ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор, муовинон, роҳбарони раёсатҳо, деканони факултетҳо, устодон ва шумораи зиёди донишҷӯён бо фазои идона, гулу гулдастаҳо ва эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд. Зеро дастовардҳои онҳо намунаи равшани заҳмати пайваста ва талошҳои созандаи ҷавонони донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Саҳни донишгоҳ ба як ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфта буд, ки дар он фазои самимият, эҳтиром ва қадршиносӣ ҳукмфармо буд. Ин манзара рамзи равшани эҳтиром ба илму дониш ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҷавонони соҳибистеъдод ба шумор меравад.

Лаҳзаҳои истиқбол нишон доданд, ки ҷомеаи донишгоҳӣ ба дастовардҳои ҳар як аъзои худ бетараф нест ва ҳар як муваффақият ҳамчун пирӯзии умумӣ пазируфта мешавад. Чунин иқдомҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи донишҷӯён, ташвиқи фаъолияти илмӣ ва таҳкими ҳисси масъулият нақши муҳим мебозанд.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ барои рушди тафаккури техникӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Ин дастовардҳо ва чунин истиқболи гарму самимӣ гувоҳи онанд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, бо такя ба неруи зеҳнии ҷавонон ва таҷрибаи устодон ба сӯи қуллаҳои баландтар қадам мегузорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия