Бо мақсади рушди устувори фаъолияти китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, густариши фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиа бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» роҳандозӣ гардид. Ин озмун ҳамасола бо иштироки вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо баргузор шуда, ба рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Даври шаҳрии озмун миёни беҳтарин китобхонаҳои пойтахт ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои ниҳоӣ дар 18  апрел зимни таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин дастоварди назаррас гувоҳи фаъолияти пурсамар, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва саҳми арзандаи китобхона дар рушди илму маърифат мебошад.

Зимни маросими ҷамъбастӣ директори китобхонаи илмии донишгоҳ Азизулло Исматуллозода бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ин қадршиносӣ самараи заҳмати дастаҷамъонаи кормандони китобхона ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва рушди қобилиятҳои илмии донишҷӯён, дар назди китобхона маҳфилҳои гуногуни илмӣ-адабӣ амал мекунанд. Ҳамзамон, толори махсус барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шудааст, ки барои донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯён шароити мусоид фароҳам меорад.

Ин дастоварди Китобхонаи илмӣ бори дигар нишон медиҳад, ки донишгоҳ дар самти рушди илму маърифат ва тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар фазои илмии кишвар мустаҳкам менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия