Боиси ифтихору сарбаландист, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар миёни ғолибони озмунҳои бонуфузи шаҳрӣ ҷойгоҳи намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, се нафар донишҷӯи фаъоли донишгоҳ - Сайдализода Гулчеҳра Шарифхон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Абдулҳақова Нилгуна Ҷамшедовна, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор ва Мирзодавлатова Дилангез Фаруховна, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2025-2026 гардиданд.

Ин дастоварди баланд нишонаи заҳмати пайваста, донишандӯзии амиқ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ мебошад. Ҳар яке аз ин донишҷӯён дар давраи таҳсил бо натиҷаҳои баланди таълимӣ, ташаббусҳои навоварона ва иштироки фаъол дар озмуну конференсияҳои илмӣ худро ҳамчун ҷавонони ояндадор муаррифӣ намудаанд.

Зимни маросими тантанавӣ, ғолибон бо шаҳодатномаҳои фахрӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд. Қадрдонии чунин ҷавонони соҳибистеъдод гувоҳи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти шаҳр ба рушди илму маориф ва дастгирии неруи зеҳнии ҷомеа мебошад.

Аз номи аҳли эҷоди муассиса ҳамаи ғолибонро бо ин дастоварди назаррас самимона муборакбод гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои боз ҳам бештарро орзумандем. Бешубҳа, чунин қадрдониҳо масъулияти онҳоро дар назди ҷомеа бештар намуда, барои идомаи фаъолияти самаранок дар ҷодаи илму дониш ва хизмати содиқона ба Ватан заминаи устувор мегузорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия