Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе устодону кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бори дигар сатҳи баланди дониш, малака ва иқтидори илмии худро нишон доданд. Чорабинии идона, ки дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид, саҳнаи муаррифии беҳтарин намояндагони илму маориф ва ҷавонони соҳибистеъдод буд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар миёни ғолибони озмунҳои бонуфузи шаҳрӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҷойгоҳи арзандаро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, Азимов Умедҷон Киромиддинович - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-26020202 - менеҷменти байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти “Техника ва технология” гардид.

Ин дастоварди шоиста далели равшани заҳмати пайваста, кӯшишҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии навгароёнаи Умедҷон ба ҳисоб рафта, ӯро ҳамчун яке аз ҷавонони болаёқат ва ояндадори кишвар муаррифӣ менамояд. Ӯ дар давраи таҳсил бо иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, пешниҳоди идеяҳои инноватсионӣ ва иштироки мунтазам дар озмуну конфронсҳо миёни ҳамсолонаш фарқ мекунад. Маҳз чунин фаъолиятҳои пурсамар замина фароҳам оварданд, ки ӯ сазовори чунин ҷоизаи баланд гардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе яке аз мукофотҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба беҳтарин муҳаққиқону ихтироъкорони ҷавон барои саҳми назаррас дар рушди илм, техника ва технология тақдим карда мешавад. Дарёфти ин ҷоиза нишони эътирофи заҳмати тамоми ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса низ мебошад.

Умедҷон имрӯз фахри донишгоҳ маҳсуб ёфта, дастовардҳои ӯ барои дигар донишҷӯён намунаи ибрат аст. Муваффақиятҳои ӯ нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик бо иродаи қавӣ ва донишҳои замонавӣ метавонанд дар рушди соҳаҳои муҳимми иқтисодиву технологӣ саҳми арзанда гузоранд.

Шарафёб гардидан ба чунин дастовард маҳз дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рамзи эътирофи талошҳои пайваста ва фаъолияти пурсамари ҷавонони соҳибистеъдод буда, идомаи мантиқии роҳе мебошад, ки онҳо дар самти илму маърифат интихоб намудаанд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия