Дар бахши кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳи конференсияи ҳафтаи илм миёни иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, маърузачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои муфассал доданд.

Дар он сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода иброз намуд, ки омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат нақши муҳим дорад.

Дар ҷамъбасти конференсия ба як қатор иштирокчиёни фаъол барои баромадҳои пурмазмун ва саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти илмӣ изҳори сипос карда шуда, ба онҳо тавсияҳо барои идомаи корҳои таҳқиқотӣ дода шуданд.

Иштирокчиён доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, аҳамияти таҳқиқоти забоншиносӣ, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди робитаҳои байналмилалиро муҳим арзёбӣ карданд.

Конференсия дар фазои илмии созанда анҷом ёфта, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва такмили малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯёну устодон заминаи мусоид фароҳам овард.

Тағоймурод ЭШЗОДА