Санаи 17-уми апрели соли равон дар доираи Ҳафтаи илм дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ҳамоиш ба солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», 30-солагии донишгоҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо иштироки устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён сурат гирифт.

Ҳадафи асосии конференсия таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, рушди тафаккури инноватсионӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами иқтисоди рақамӣ арзёбӣ гардид.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет София Темурбекова зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ иқтисоди рақамӣ ба муҳаррики асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, Big Data ва блокчейн ба баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, рушди илму маориф ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ шуд.

Дар ҷараёни конференсия як қатор маърузаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои омодасозии мутахассисон дар шароити рақамикунонӣ, амнияти энергетикӣ, имзои электронии рақамӣ, логистикаи рақамӣ ва дигар самтҳои муҳим пешниҳод гардиданд.

Қайд шуд, ки дар шароити иқтисоди рақамӣ масъалаҳои ҳифзи додаҳо, амнияти иттилоотӣ, рушди инфрасохтор ва фарҳанги рақамӣ аҳамияти махсус доранд. Рақамикунонӣ метавонад ба баланд бардоштани шаффофият, кам кардани хароҷот ва беҳтар шудани хизматрасониҳо мусоидат намояд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА