Дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, 17-уми апрели соли равон зери сарпарастии муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова бо иштироки масъулини раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва донишҷӯёни курси аввали факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ, бо мақсади рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён, инчунин шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва мероси миллии халқ аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд.

Дар ҷараёни боздид донишҷӯён бо бахшҳои гуногуни осорхона, аз таърихи бостонӣ то давраҳои муосир шинос гардида, намунаҳои нодири бозёфтҳои археологӣ, асбобҳои рӯзгор, санъати кӯлолгарӣ, тангаҳои қадима, осори рассомӣ ва ҳунарҳои мардумиро аз наздик тамошо намуданд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён оид ба давлатҳои қадима, сарчашмаҳои фарҳангии минтақа ва саҳми ниёгони тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Донишҷӯён аз тамошои толорҳо ва экспонатҳои таърихӣ таассуроти амиқ бардошта, иброз доштанд, ки баргузории чунин сафарҳои маърифатӣ барои густариши ҷаҳонбинӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хос дорад.

Бино ба иттилои эдвайзер оид ба тарбияи факултети мазкур Исматулло Ҷумаев дар доираи ин иқдом донишҷӯён бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, саҳифаҳои муҳими давлатдории миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои замони муосир аз наздик ошно гардиданд. Қайд гардид, ки барои бисёре аз донишҷӯён, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳри Душанбе барои таҳсил омадаанд, ин аввалин боздид аз осорхона ба ҳисоб меравад.

Ин тадбир яке аз ҷузъҳои муҳими корҳои тарбиявӣ буда, ба ташаккули ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар фарҷом донишҷӯён аз ташкили чунин иқдоми фарҳангӣ истиқбол намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши донишу ҷаҳонбинӣ ва пайвастани донишҳои назариявӣ бо маърифати таърихӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА