Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ 18-уми апрели соли равон бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳавӣ дар назди факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар мавзуи «Нақши мақомоти гумрук дар таъмини иқтисодиёти рақамӣ ва бехатарии иқтисодии мамлакат» маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур Қутбиддин Муқимов, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Манучеҳр Маҳмадҷонов, муовини сардори «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дилшод Соибов, сардори раёсати технологияҳои рақамии Хадамоти гумрук иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, декани факултет Мастура Бӯриева таъкид намуд, ки гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулода дошта, ҳамчун «дарвозаи давлат» арзёбӣ мегардад. Зеро аз фаъолияти мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологӣ низ вобастагии мустақим дорад.

Дигар баромадкунандагон дар суханрониҳои худ ҷанбаҳои гуногуни нақши мақомоти гумрукро бо далелҳои мушаххас таҳлил ва баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки дар шароити муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши равандҳои рақамикунонӣ, такмили фаъолияти мақомоти гумрукӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аҳамияти хоса касб менамояд.

Таъкид шуд, ки рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, самаранокӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ мусоидат мекунад.

Бо мақсади рушди равандҳои рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои техникии назорат, дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ» таҳия гардида, санаи 1 октябри соли 2024 таҳти рақами 529 ба тавсия расидааст.

Дар анҷоми маҳфил муҳокимаи озод сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА