Рӯзи 18 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қуръакашии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Озмуни мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз доир гардида, бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷараён гирифт.

Дар рафти қуръакашӣ намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Садбарг Муҳиддинзода, сардори раёсати гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузориву назоратӣ ва Ҳотамбек Ҳотамзода, сардори раёсати баҳисобгирӣ ва ҳисоботҳо иштирок намуда, раванди баргузории чорабиниро назорат карданд.

Дар натиҷа, рақибони 17 даста аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ муайян гардиданд. Ба ҷумлаи онҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи байналмилалии Левакант, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин раванд тариқи онлайн ширкат варзида, ҷараёни қуръакашӣ тариқи саҳифаи расмии озмун дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» мустақим намоиш дода шуд. Ин иқдом барои таъмини шаффофият ва ошкоро баргузор гардидани интихоб мусоидат намуд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов доир ба аҳамияти баргузории озмун, ҳадафҳои он ва тартиби гузарониданаш ибрози андеша карданд. Қайд гардид, ки чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар самти қонунгузории андоз, рушди тафаккури иқтисодӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аҳамияти калон доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол боз озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи асосии озмуни мазкур санаҳои 1 ва 2 майи соли ҷорӣ дар ду номинатсия “даставӣ-назариявӣ” ва “даставӣ-амалӣ” баргузор гардида, беҳтарин дастаҳо муайян карда мешаванд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия