ОФТОБО, БОРИ ДИГАР ХОНАРО ПУРНУР КУН
Санаи 20-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати ташкилию тарбиявӣ ва кафедраи муносибатҳои иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ маҳфили адабӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун” бахшида ба ашъори Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Чорабинӣ бо услуби театрикунонидашуда ва ҷолиб диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Дар оғоз декани факултет Фахриддин Убайдов маҳфилро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ғазалҳои дилангезу ҷаззоби Мавлоно бештар дар фазои суҳбати дӯстона, ҳамроҳ бо навои мусиқӣ ва рақсу шодӣ эҷод шудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ ва шодиву сурур эҳсос мегардад. Аксари ғазалҳои Мавлоно дорои ҷанбаи ғаноӣ ва мусиқӣ буда, аз лиҳози мазмун бештар ба мавзуи ишқу ошиқӣ бахшида шудаанд.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова зимни суханронӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи густурдаи мардумони ҷаҳон ба осори Мавлоно, пеш аз ҳама ба воқеъбинона инъикос ёфтани масъалаҳои муҳими ҳаёт вобаста аст. Гарчанде ин андешаҳо дар қолаби ирфон баён шудаанд, онҳо ба шароити таърихию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии мутафаккир пайванди зич доранд. Аз ин рӯ, осори ирфонии ӯ то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои ҷаҳони муосир низ арзишманд боқӣ мондаанд.
Ҳамчунин, устодон Зарина Давлатшоева ва Ҷума Махшул дар бораи услуб, мактаб ва ҷаҳонбинии ирфонии Мавлоно, махсусан асари безаволи ӯ Маснавии маънавӣ ибрози назар намуданд. Қайд гардид, ки ин асар, ки онро “Қуръон ба забони паҳлавӣ” низ меноманд, яке аз муҳимтарин осори адабии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми маҳфил донишҷӯёни факултет бо қироати рубоиҳо, шеърҳо ва пешниҳоди саҳначаҳо аз эҷодиёти Мавлоно баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни хотимавии хотирмон бахшиданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng