ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДДМИТ
Рӯзи 20-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷамъбасти ҳафтаи илм доир гардид. Ин чорабинии муҳими илмӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)”, инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ роҳандозӣ шуд.
Дар маросими ҷамъбастӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иброз дошт, ки маҳз тавассути чунин ҳамоишҳо имкон фароҳам меояд, ки донишмандон натиҷаҳои корҳои илмии худро муаррифӣ намуда, барои рушди минбаъдаи илм заминаи мусоид гузоранд.
Қайд гардид, ки қисми ифтитоҳии ҳафтаи илм аз санаи 13 апрел оғоз гардида, то 18 апрели соли ҷорӣ идома ёфта, бахшҳои он дар 28 кафедраи донишгоҳ баргузор гардида, дар онҳо садҳо маърузаи илмӣ шунида ва муҳокима карда шуданд. Дар ин давра, дар доираи бахшҳои гуногуни илмӣ 371 мақолаи илмӣ аз ҷониби устодон, кормандон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯён пешниҳод карда шуд.
Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов дар бораи дастовардҳои илмию эҷодии ҳайати устодон ва донишҷӯён ибрози андеша карда, зикр намуд, ки донишгоҳ пайваста барои рушди фаъолияти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқотҳои амалӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Ҳамчунин, зимни баргузории чорабинӣ мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалии донишгоҳ Фаридулло Убайдуллоев доир ба масъалаҳои рушди илми ватанӣ сухан ронда, пешниҳод кард, ки минбаъд ҳангоми ифтитоҳи бахшҳои конференсия аз истифодаи унвони маъмулии “конференсияи апрелӣ” худдорӣ гардида, бо ифтихор таъкид шавад, ки ҳафтаи илм ба хотири гиромидошт ва зодрӯзи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Инчунин, вобаста ба нақш ва саҳми устод Айнӣ дар рушду тарғиби илму маърифат, бедории фикрии ҷомеа ва ташаккули илми миллӣ сухан гуфта шавад.
Дар рафти ҷамъбаст мудирони кафедраҳо ва роҳбарони бахшҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ҳисобот пешниҳод намуда, муҳтавои маърузаҳо ва баромадҳои илмиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол, ки дар баргузории ҳафтаи илм ва пешниҳоди корҳои арзандаи илмӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо сертификатҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки фишурдаи ҳамаи маводи пешниҳодгардида дар шакли маҷмуаи илмӣ ба нашр расонида мешавад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng