АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ - ТАҶАССУМГАРИ СИМОИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН
Санаи 21 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2025, таҳти рақами 805 “Дар бораи таҳким бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои нимсолаи аввали соли 2026” нақшаи вусъат додани корҳои идеологӣ, маърифатию фаҳмондадиҳӣ бо омӯзгорону донишҷӯён ва волидайни онҳо бо усули факултет ба факултет ва курс ба курс чорабинии идеологӣ доир гардид.
Ҳамоишро муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова ифтитоҳ бахшида, перомуни ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон суҳбат намуд. Дар ин росто мавсуф зикр намуд, ки яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият - ин дарк намудани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон мебошад, ки меҳвару моҳияти мафкураи ватанпарварии миллии кишвари соҳибистиқлоли моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарини мо омӯзгорон шакл додани ҳувият, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳиссиёт ва ифтихори миллии насли наврас ва ҷавони мамлакат мебошад.
Дар идома Шаҳноза Ғаффорова афзуд, ки маҳз дар замони истиқлолият арзишҳои маънавӣ ҳамчун таҷассумгари симои маънавии ҷавонон, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари ахлоқи ҳамидаи инсони муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
Барои пос доштани ин арзишҳо бояд пеш аз ҳама ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба нерӯи ақлонии худ тарбия намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ раҳнамун созем. Дар ин замина, мо бояд шахсияти соҳибилму озодандешеро тарбия намоем, ки ба қобилият ва истеъдоди худ бовар дошта, пайваста дар талоши ҳимояи таърихи гузаштаву муосир, анъанот ва арзишҳои миллӣ бошад.
Меҳмони чорабинӣ - муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шаҳбози Неъматулло зимни баромади худ дар мавриди тарбияи ахлоқиву одоби ҳамидаи инсонӣ, фарҳанги шаҳрнишиниву ойини ватандорӣ баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки насли наврасу ҷавон муаррифгари миллату давлат дар ҳама давру замон мебошад. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳанги ғайримиллӣ зарур аст, ки қабл аз ҳама, ба тафаккур ва маърифати насли ҷавони миллат диққат диҳем. Зеро солимии миллат ва бақои давлат аз тафаккури насли ояндасози он вобастагии калон дорад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аксар давлатҳои исломӣ хуб дарк намудаанд, ки ягона омили наҷотбахши инсоният илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавон мебошад.
Шаҳбози Неъматулло дар идомаи баромади хеш зикр сохт, ки Ҳукумати мамлакат имрӯз аз ҳама имкониятҳо истифода намуда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят менамояд, то дар оянда зиндагии сазовар ва шоиста насибашон бошад. Чунки рушди босуботи кишвар маҳз аз сатҳи маърифати ҷавонон ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа, махсусан падару модар қарор гирад. Бинобар ҳамин, ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус, фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии тамоми қишрҳои таҷрибадору худогоҳи миллат ба шумор меравад.
Дар идомаи ҳамоиш Шарифзода Диловар- мутахассиси пешбари шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба минбар баромада, перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили истифодаи аз меъёр зиёди корвони мошинҳо дар маросими тӯйи хонадоршавӣ, чойгаштак, ақиқа, ҷашни зодрӯз ва амсоли ин амалҳои ғайри қонунӣ ва пайомади онҳо равшанӣ андохт. Мавсуф дар идома оид ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, шарҳи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ суҳбат ороста, иброз намуд, ки озодии эътиқоди динӣ аз озодии виҷдон бармеояд. Ин аст, ки дар иртиботу ҳамбастагӣ ва дар заминаи санадҳои байналхалқӣ дар самти ҳуқуқи инсон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масоили ҳуқуқ ба озодии афкор, виҷдон ва динро эътироф намуда, риояи бемамонияти онро кафолат медиҳад. Биноан, яке аз музаффариятҳои муҳими инсоният дар шароити ҳукмрони ҷомеаи демократӣ эълон доштани озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мебошад.
Меҳмони дигари ҷамъомад - табиби психиатр, нарколог Баракатулло Ниёзов бо намояндагӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи гирифтории бархе ҷавонону наврасон ба истифодаи моддаҳои психиатрӣ ва ҳабҳои синтетикӣ суҳбат намуда, изҳори нигаронӣ ва изтироб аз он намуд, ки мутаассифона омори чунин мубталоён рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Дар идомаи суханронии хеш Баракатулло Ниёзов фурӯшандагон ва мавриди муомилоту истеъмол қарордиҳандагони чунин моддаҳои психотропӣ ва ҳабҳои синтетикиро дар қатори хоинони ватану миллат гузошта, афзуд, ки чунин нафарон миллатро носолим ва неруи ақлонии варо ба фалаҷшавию нобудӣ мерасонанд. Мавсуф афзуд, ки албатта, пешгирӣ аз табобат афзалтар аст ва барои дур кардану раҳонидани ҷавонони гумроҳ ва вобасташуда аз ин балоҳо бояд наздиконашон аз самаранок истифода бурдани вақт кор гиранд, то инки фурсат ба корҳои беҳуда пайдо нагардад.
Дар фароварди ҳамоиш мубоҳисаву музокираҳои судманд байни мутахассисон ва донишҷӯён сурат гирифт.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng