ДАСТОВАРДИ НАВИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ
Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд.
24-уми сентябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи номзадии Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳаким, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз, муовини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои мукаммалгардонии хавфҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз доир гардид. Номбурда таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мақсади таҳқиқотро масъалаҳои мубрами идоракунии хавфҳои бонкӣ дар шароити шиддат гирифтани таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, зиёд гардидани таъсири омилҳои беруна, вусъати истифодаи техника ва технологияҳои муосир дар самти низоми бонкӣ дар бар мегирад.
Навгониҳои илмии таҳқиқот ҳамчун қисми асосии рисолаи илмӣ тамоми дастовардҳои назариявӣ ва методию амалии корро дар бар гирифта, дар он масоили мубрами идоракунии хавфҳои бонкӣ ва аҳамияти иҷтимоию иқтисодии онҳо дар шароити муосир ва як қатор роҳу усулҳои идораи басамари масъалаи мазкур баррасӣ шуданд.
Мо аҳли коллективи донишгоҳ олимаи ҷавон Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳакимро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, умед дорем, ки корҳои илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешаванд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng