Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ таҳти унвони «Эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат» доир гардид.

Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва таърихии донишҷӯён, шиносоии бештари онҳо бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин рушди малакаҳои таҳқиқотӣ, суханронӣ ва муаррифии мавзуъҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ буд.

Дар семинар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ бо маърузаҳо ва рӯнамоҳои худ ба забонҳои англисӣ ва русӣ баромад намуда, оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва аҳаммияти онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, андешаҳои худро баён карданд.

Аз ҷумла, Маҳмадрасулзода Фуруғмеҳр, донишҷӯи курси якуми факултети МИБ, Ахмедова Парвина, донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарз ва Мусофирова Фарида, донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарз дар мавзуи “Эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат бо маъруза ва рӯнамоҳои худ баромад намуданд.

Дар кори семинар мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, устодони кафедра ва намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иштирок доштанд.

Баргузории чунин семинарҳои илмӣ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши муҳим дорад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА