НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
13 ноябри соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва қарз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Иҷлосияи таърихии тақдирсоз - заминаи давлатдории миллӣ ва нақши он» доир гардид.
Ҳамоишро декани факултети молия ва қарзи донишгоҳ Абдукарим Муминзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Зикр гардид, ки ин иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим боз намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян кардани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон нақши бузург гузоштааст.
Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати навини тоҷикон» баромад намуда, аз сифатҳои роҳбарӣ, хираду заковат ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар маҳз иродаи қавии сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат барои барқарории сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар ва наҷоти давлат аз парокандагӣ замина гузошт.
Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, бахусус даврони соҳибистиқлолӣ, барои насли ҷавон аҳамияти муҳим дошта, ҳар як ҷавон бояд аз воқеаҳои таърихии кишвар огоҳ бошад ва маърифати ҳуқуқиву сиёсии худро пайваста баланд бардорад.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи устувор гузошт.
Ҳамчунин, донишҷӯи курси чоруми факултет Яҳё Бобоназаров дар мавзуи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар донишҷӯён маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Зимни баромадҳо донишҷӯён нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар сарнавишти миллат ва хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng