13 декабри соли 2026 бо ташаббуси кафедраи иқтисоди сабз ва захираҳои табиии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар толори Шурои диссертатсионии донишгоҳ мизи мудаввари илмӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар кори он Ҳабибулло Маҳмадуллоев, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Агентии обуҳавошиносӣ, Идрис Иззатзода, муовини сардори Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Умарзода, директори генералии МД «ТоҷикНИИГиМ», инчунин омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидзода муҳиммияти масъалаи ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз»-ро дар шароити муосир таъкид намуд. Зикр гардид, ки бо назардошти афзоиши мушкилоти экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири фаъолияти истеҳсолӣ ба муҳити зист, гузариш ба модели иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, Ҳабибулло Маҳмадуллоев, Идрис Иззатзода ва мудири кафедраи иқтисоди сабз ва захираҳои табиӣ Азизулло Исматуллозода бо истифода аз рӯнамоҳо (слайдҳо) доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ маърузаҳо намуда, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди энергетикаи барқароршаванда ва роҳҳои татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи мизи мудаввар Дилшод Умарзода, директори генералии МД «ТоҷикНИИГиМ», Рустам Қудратзода, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор, Мастура Бӯризода, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, Бобомурод Бобомуродов, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва Баҳодур Раҳимзода, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ доир ба масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Таъкид гардид, ки иқтисоди «сабз» модели рушди иқтисодиест, ки ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ин модели иқтисодӣ бо консепсияи рушди устувор робитаи ногусастанӣ дошта, ҳадафи асосии он таъмини тавозуни манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, барои рушди энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои васеъ дорад. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо, ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонанд дар суръат бахшидан ба раванди гузариш ба иқтисоди «сабз» нақши муҳим дошта бошанд.

Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА