Бо ибтикори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми ноябри соли равон таҳти унвони “Пешвои ман - ифтихори ман” миёни устодони донишгоҳ аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.

Ҳамасола 16-уми ноябр дар тақвими ҷашну санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана барои мардуми кишвар на танҳо як рӯзи идона, балки рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Мақсади асосии баргузории аксияи мазкур тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА