МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ ЭҲЁ ТО РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ
13 ноябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: аз эҳё то рушди устувори миллӣ» ҳамоиши сиёсиву маърифатӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Саидзода, инчунин роҳбарият, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию варзишии донишҷӯёну устодони донишгоҳ боздид намуда, бо натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар самтҳои гуногуни илм, навоварӣ ва варзиш шинос гардиданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдучаббор бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ ба аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳо дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон таъкид намуд.
Қайд гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони шадиди давлатдорӣ баргузор гардид, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон марҳилаи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия масъалаҳои калидии ҳифзи давлатдорӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, заминаҳои муҳими расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гузошта шуданд.
Сипас, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар бораи мактаби давлатдории Пешвои миллат ва нақши он дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик аз бомдоди таърих дар эҷоду ташаккули тамаддуни башарӣ нақши арзишманд дошта, дар тули асрҳо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳувият, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифз намудааст. Аммо ҷангҳои харобиовар ва дахолати неруҳои бегона дар марҳилаҳои гуногуни таърих ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии миллат таъсири манфӣ расонидаанд.
Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани ояндаи давлату миллат нақши ҳалкунанда гузошт.
Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки ин интихоб оғози марҳилаи нави давлатсозӣ буда, бо иродаи қавии сиёсӣ, хирадмандӣ, дурандешӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат барои барқарор намудани сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки то расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 21 даври музокироти байни тоҷикон баргузор гардида, дар ин раванд 40 санади муҳим ба имзо расидааст. Ин раванд намунаи барҷастаи иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва талошҳои пайваста барои хотима бахшидан ба низоъ ва барқарор намудани ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Дар идомаи ҳамоиш муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Саидзода доир ба дастовардҳои соҳаи молия дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар рушди мамлакат суханронӣ намуд.
Номбурда зикр кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ низоми молиявии кишвар марҳилаҳои муҳими ташаккул ва такомули худро паси сар намуда, дар ин замина барои таъмини устувории иқтисодӣ, такмили идоракунии захираҳои молиявии давлатӣ ва маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ташаккули сармояи инсонӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд.
Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки айни замон тақрибан 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар 42 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлат ба рушди неруи зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб шаҳодат медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои давлатдории тоҷиконро ҳифз намояд. Пешгирии гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ, ташаккули тафаккури солим ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор устодону кормандони донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва фаъолияти самарабахш дар рушди соҳаи маориф бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯйи факултети ҳисобдорӣ ва омор Руфина Аминова аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони Устоди варзиш оид ба вазнбардорӣ супорида шуд.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, иштирокчиён аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ва зарурати ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро таъкид намуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng