ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ДАР ФЕСТИВАЛИ «САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ»
Рӯзи 1 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, муассисаҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд фестивали ҷумҳуриявии «Саводнокии молиявӣ» бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Чорабинии мазкур дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим», инчунин дар боғи фарҳангии «Куруши Кабир» ва «Майдони 800-солагии Москва» гузаронида шуда, садҳо нафар ҷавонон, донишҷӯён ва сокинони пойтахтро ба ҳам овард.
Қисмати ҷолибу хотирмони фестивали имсола иштироки фаъоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар озмуну викторинаҳои молиявӣ ба ҳисоб мерафт. Боиси ифтихор аст, ки дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Нилгуна Абдулҳақова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор маҳорати баланд ва дониши мукаммали худро нишон дод. Номбурда дар чанд даври саволу ҷавоб ва викторинаҳои молиявӣ фаъолона иштирок намуда, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ миёни иштирокчиён мавқеи намоёнро касб кард. Саволҳои пешниҳодшуда бештар ба мавзуъҳои фаъолияти бонкҳо, низоми баҳисобгирӣ, пасандоз, суғурта, хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рабт дошта, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор шуданд.
Дар натиҷа, Нилгуна Абдулҳақова бо нишон додани сатҳи баланди омодагӣ ва ҷавобҳои дақиқ соҳиби Шоҳҷоиза - планшети муосири Honor ва ҳамчунин, туҳфаҳои махсуси ташкилотҳои молиявию шарикони рушд гардид.
Қаҳрамони матлаб зимни суҳбат иброз дошт, ки чунин фестивалҳо барои ҷавонон имконияти хуби омӯзиш ва такмили донишҳои иқтисодию молиявӣ мебошанд. Иштирокчиён метавонанд аз машваратҳои ройгон истифода намуда, бо хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ шинос шаванд, имкониятҳои онҳоро муқоиса намоянд ва барои қабули қарорҳои дурусти молиявӣ таҷрибаи муфид ба даст оранд.
Мавриди зикр аст, ки Нилгуна Абдулҳақова аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ ба ҳисоб рафта, дар корҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои донишгоҳӣ иштироки фаъол дорад. Ӯ, ҳамзамон гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе буда, дар миёни ҳамсабақон ҳамчун донишҷӯи фаъолу ташаббускор шинохта мешавад.
Фестивали «Саводнокии молиявӣ» яке аз иқдомҳои муҳими давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати иқтисодию молиявии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди иқтисодӣ ва рақамикунонии низоми хизматрасониҳои молиявӣ баргузор мегардад. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, тарғиби истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди фарҳанги пасандозкунӣ ва тақвияти донишҳои иқтисодии ҷавонон мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастоварди Нилгуна Абдулҳақоваро намунаи ибрат барои ҷавонон арзёбӣ намуда, ӯро ба ин муваффақияти арзанда табрик мегӯяд ва дар фаъолияти илмию таълимӣ ва зиндагии ояндааш комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng