ВАРЗИШ ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО ВА ТАҶАССУМГАРИ ҲАМДИЛӢ!
Рӯзи 4 майи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд миёни омӯзгорон ва кормандон барои дарёфти “Ҷоми ректори ДДМИТ” оғоз гардид. Ин чорабинии варзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол таҳти унвони “Варзиш пайвандгари наслҳо ва таҷассумгари ҳамдилӣ!” дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ гузаронида мешавад.
Тавре ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор зимни ифтитоҳи чорабинии варзишӣ иброз дошт, футбол ба яке аз василаҳои муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил ёфта, мактаби тарбия, муҳити ташаккули шахсият ва василаи таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Маҳз тавассути чунин мусобиқаҳо ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, иродаи қавӣ ва фарҳанги муоширатро меомӯзанд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар рушди варзиш, махсусан футбол мавқеи шоиста касб намудааст. Бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки нишонаи эътирофи нақши Тоҷикистон дар рушди варзиш ва таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ мебошад.
- Мусобиқаи имрӯза низ бо мақсади таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар фазои идона ва мутобиқ ба талаботи қоидаҳои байналмилалии футболи хурд баргузор гардида, дар он дастаҳои сохторҳо ва факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд, - иброз дошт ректор.
Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфти ҷавонони боистеъдод, ҷалби онҳо ба дастаҳои мунтахаби донишгоҳ ва рушди минбаъдаи варзиш дар муассиса заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бобоҷон Сатторзода дар охир ба ҳамаи дастаҳо барори кор, рақобати одилона, руҳияи баланд ва пирӯзиҳои арзанда орзу намуда, афзуд, ки бигзор, варзиш ҳамеша василаи сулҳу дӯстӣ, саломатӣ ва сарбаландии миллати тоҷик бошад!
Ҳамин тавр, дар ин сабқат 9 даста - 7 даста аз 7 факултет ва дастаҳои раёсати донишгоҳ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо ҳам сабқат карда, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ карда мешаванд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng