Рӯзи 4 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии ректори донишгоҳ баргузор гардид, ки ба масъалаи сафарбарии донишҷӯён барои иштирок дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Ректори муассиса Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иброз дошт, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 7-8 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар он донишҷӯёни беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, маҳорат ва сатҳи дониши худро аз рӯи фанҳои гуногун месанҷанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба нақшаи иштирок, ҷобаҷогузории 14 нафар донишҷӯи сафарбаргардида, масъалаҳои тартибот, омодагии ҷиддӣ ва масъулияти баланди иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода зимни суҳбат бо донишҷӯён таъкид намуд, ки онҳо намояндагони фаъоли ДДМИТ буда, ифтихору обрӯи зиёда аз 9 ҳазор донишҷӯи донишгоҳ ва ҳайати омӯзгоронро ҳимоя мекунанд. Иштирок дар чунин олимпиада дастоварди бузург ва масъулияти баланд буда, ҳар як донишҷӯ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва рақобати солим баромад намояд.

Ҳамчунин, иброз гардид, ки баргузор гардидани Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имрӯз ба як падидаи муҳими илмӣ табдил ёфтааст. Чунин чорабиниҳо на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозанд, балки барои рушди шахсӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фароҳам овардани муҳити солими рақобат мусоидат мекунанд.

Дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, соҳиби ҷойҳои намоён мегардад. Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ арзёбӣ гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид шуд, ки бо ибтикор ва дастгирии раёсати донишгоҳ донишҷӯёни ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулӣ ва дигар роҳҳои ҳавасмандгардонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Инчунин, роҳбарони илмии донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, барои саҳми арзандаашон дар омода намудани ҷавонони болаёқат дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

Роҳбарияти донишгоҳ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ ва кӯшиши пайваста шарафи донишгоҳро ҳимоя намуда, бо натиҷаҳои арзанда ба донишгоҳ баргарданд. Қайд гардид, ки ДДМИТ аз донишҷӯёни фаъоли худ умеди зиёд дорад ва мутмаин аст, ки онҳо бо ҳисси баланди масъулият ва рақобати солим барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ мубориза хоҳанд бурд.

Дар фарҷоми ҷаласа раёсати донишгоҳ ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиада, роҳбарони илмӣ ва омӯзгороне, ки дар омода намудани донишҷӯён саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар роҳи донишандӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти минбаъда барору комёбиҳои нав ба нав орзу кард.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА