2 майи соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар татбиқи рақамикунонии иқтисодиёт» доир гардид. Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои кори бонкӣ ва иқтисодиёти молиявӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар сардори шуъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон Ғуфрон Усмонов баромад намуда, зикр кард, ки дар шароити муосир талабот ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рӯз ба рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар татбиқ ва густариши чунин низоми пардохт саҳми назаррас мегузоранд.

Номбурда таъкид намуд, ки бо рушди технологияҳои рақамӣ ҳар як субъекти иқтисодӣ бояд аз воситаҳои муосири пардохт истифода барад, зеро рақамикунонии иқтисодиёт яке аз омилҳои муҳими пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон низ бояд дар ин самт ҳамқадами кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта бошад.

Дар идомаи суханронӣ Ғуфрон Усмонов доир ба афзалиятҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла шаффофияти молиявӣ, сарфаи вақт, бехатарии амалиёт ва коҳиш ёфтани гардиши пули нақд ибрози назар намуд. Роҳҳои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳои мавҷуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳо баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби истифодаи воситаҳои муосири пардохт, аз қабили кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва замимаҳои мобилӣ, инчунин, коҳиш додани гардиши пули нақд дар иқтисодиёт мебошад.

Дар фарҷоми семинар миёни устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб доир гардид.

Тағоймурод ЭШЗОДА