“ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, УСТОДИ АЗИЗ!” АКСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР
Бо ибтикори факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи омӯзгор 2-юми октябри соли равон аксияи тарғиботӣ миёни устодони донишгоҳ доир гардид. Ба кулли омӯзгорони факултет ва устодони донишгоҳ чун нишонаи эҳтиром гулу табрикотҳо супорида шуданд. Ҳамин тавр, ба муносибати Рӯзи омӯзгор садорати факултет самимитарин муборакбодиҳои худро ба аҳли таълиму тарбия расонида, ба онҳо саломатии бардавом ва комёбиҳои беназир дар роҳи омодасозии кадрҳои пешрафтаи мамлакат таманно кард.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.
Мақсади асосии баргузории аксия эҳтиром гузоштан ба шахсияти омӯзгор мебошад, зеро омӯзгор чароғи маърифат ва меъмори ояндаи миллат аст.
Факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар назар дорад, ки минбаъд низ чунин тадбирҳоро пайваста роҳандозӣ намуда, дар рушду нумуи маънавӣ ва фарҳангии донишгоҳ саҳми босазо гузорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng