Зимни дарси тарбиявии А. Киромиддинзода, устоди кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ масъалаҳои марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ, эҳтиром ба забони модарӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, фарҳанги сухан ва масъулияти ҷавонон дар назди забони миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд забони модарии худро хуб омӯзад, аз имкониятҳои мавҷуда барои такмили донишу саводи забонӣ истифода барад ва дар ҳифзи покизагии забон саҳм гузорад. Зеро эҳтиром ба забон пеш аз ҳама, эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар қисмати ҷамъбастии дарс миёни устод ва донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён андешаҳои худро оид ба мавзуъ баён намуданд.

Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур дар самти баланд бардоштани маърифати миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии донишҷӯён, эҳтиром ба забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дошта, дар сатҳи хуб баргузор гардид.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия