СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР ДОИРАИ «ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ»
Мувофиқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» миёни донишҷӯдухтарони курсҳои аввали факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ соати тарбиявӣ доир гардид.
Ҳадафи асосии чорабиниро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии донишҷӯён, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизоми дохилии донишгоҳ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ арзёбӣ намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ муовини декани факултет Қадриддин Фатҳиддинзода ба масъалаҳои марбут ба мақоми донишҷӯ дар муассисаи таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Номбурда оид ба зинаҳои таҳсилоти олӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, масъулияти онҳо дар раванди таълим, риояи интизоми дохилии донишгоҳ, иштироки фаъол дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин нақши донишҷӯён дар рушди илм ва аз худ намудани навовариҳои касбӣ андешаҳои судманд баён намуд.
Баъдан сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Маҳбуба Ғафорова дар доираи мавзуъҳои тарбиявию маърифатӣ - «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ», «Танзим - бақои зиндагӣ» ва «Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» андешаҳои муҳим баён кард. Маҳбуба Ғафорова ба масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити имрӯза ҳар як ҷавон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошад, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад ва дар назди ҷомеа масъулияти шаҳрвандии худро дуруст дарк намояд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи «Танзим - бақои зиндагӣ» мавриди баррасии васеъ қарор гирифт. Маҳбуба Ғафорова оид ба аҳамияти танзими оила, масъулиятшиносӣ дар масъалаи оиладорӣ, банақшагирии дурусти ҳаёти оилавӣ ва нақши оилаи солим дар таҳкими ҷомеа андешаҳои худро баён намуд.
Дар бахши дигари суханронӣ масъалаи пешгирии терроризм ва экстремизм низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд аз таъсири ғояҳои ифротӣ эмин бошанд, ба ҳар гуна иттилоот бо назари интиқодӣ муносибат кунанд ва аз истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва манбаъҳои шубҳаноки иттилоотӣ худдорӣ намоянд.
Маҳбуба Ғафорова оид ба либоси миллӣ ҳамчун таҷассумгари фарҳанг ва ҳувияти миллӣ андешаҳои худро баён намуда, донишҷӯдухтаронро ба риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нигоҳдории суннатҳои неки миллӣ ҳидоят кард.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки донишҷӯдухтарони имрӯз ҳамчун насли ояндасози ҷомеа бояд бо дониш, ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги баланд, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусаллаҳ бошанд. Зеро маҳз сатҳи маърифат ва тарбияи насли ҷавон ба рушди устувори ҷомеа таъсири назаррас мерасонад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng