ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ - ЗАМИНAИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон воситаи таълимии «Иқтисодиёти сабз» таҳия гардидааст. Муаллифони он Солеҳзода А.А., Абдуллозода О.П., Аламшоев А. ва Фасеҳзода И.С. мебошанд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавии иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, афзоиши фишор ба захираҳои табиӣ ва зарурати таъмини амнияти экологӣ гузариш ба модели иқтисодиёти «сабз» ба яке аз масъалаҳои муҳимми илмию амалӣ табдил ёфтааст. Иқтисодиёти «сабз» ҳамчун самти афзалиятноки таъмини рушди устувор ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти иқтисодӣ ба муҳити зист, рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидааст.
Аз ин лиҳоз, таҳия ва нашри воситаи таълимии мазкур иқдоми саривақтӣ ва муҳим буда, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули ҷаҳонбинии иқтисодию экологӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус дар ин самт нақши назаррас хоҳад дошт.
Дар воситаи таълимии мазкур асосҳои назариявӣ ва ҷанбаҳои амалии рушди иқтисодиёти «сабз» дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, роҳу усулҳои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти «сабз», ҳамгироии омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин имконияту дурнамои рушди ин соҳа дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми воситаи таълимӣ баррасии ҳамгироии унсурҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамчун заминаи асосии ноил гардидан ба рушди устувор мебошад. Ин масъала, бахусус дар шароити татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аҳаммияти хосса дорад. Зеро гузариш ба иқтисодиёти «сабз» тақозо менамояд, ки ҳангоми қабули қарорҳои иқтисодӣ на танҳо манфиатҳои молиявию истеҳсолӣ, балки омилҳои иҷтимоӣ ва талаботи ҳифзи муҳити зист низ ба инобат гирифта шаванд.
Афзалияти дигари воситаи таълимии мазкур дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон тавонистаанд масъалаҳои назариявиро бо ҷанбаҳои амалии рушди иқтисодиёти «сабз» пайванд дода, таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳонро бо шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса ва таҳлил намоянд. Чунин муносибат барои ташаккули тафаккури таҳлилӣ, рушди қобилияти мустақилонаи хулосабарорӣ ва истифодаи донишҳои назариявӣ дар фаъолияти амалии мутахассисони оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Воситаи таълимии «Иқтисодиёти сабз», пеш аз ҳама, барои донишҷӯёни ихтисоси «Иқтисодиёти сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ гардида, ҳамзамон метавонад ҳамчун манбаи муфиди таълимӣ ва илмӣ барои омӯзгорон, магистрантон, докторантон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, экология ва идоракунии захираҳои табиӣ мавриди истифода қарор гирад.
Аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти илмӣ-амалӣ воситаи таълимии мазкур ба талаботи муосири омодасозии мутахассисони соҳаҳои иқтисодию экологӣ мутобиқат намуда, барои такмили раванди таълим, васеъ гардидани дониши назариявӣ ва таҳкими малакаҳои амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, воситаи таълимии «Иқтисодиёти сабз» дорои аҳаммияти назарраси назариявӣ ва амалӣ буда, дар ташаккули донишҳои муосири иқтисодию экологӣ, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани маърифати экологӣ саҳми арзанда гузошта метавонад.
Бо назардошти муҳтавои илмӣ, аҳаммияти таълимию амалӣ ва зарурати омӯзиши масъалаҳои иқтисодиёти «сабз», воситаи таълимии мазкурро барои истифода дар раванди таълим ва нашр тавсия додан ба мақсад мувофиқ аст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng