9-уми ноябри соли 2026 дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба муносибати 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон» мулоқоти доктори илмҳои таърих, ходими ҷамъиятӣ Қурбонова Ширин Исмоиловна бо донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Илҳом Неъматов дар бораи нақши шахсиятҳои таърихсоз дар сарнавишти миллату давлат андешаронӣ кард. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти наҷотбахши миллат ёдоварӣ гардиданд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ масъулияти Роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, барои раҳоии кишвар аз вартаи парокандагӣ ва барқарор намудани сулҳу субот талошҳои пайваста анҷом доданд.

Сипас, меҳмони чорабинӣ Ширин Қурбонова дар бораи вазъи мураккаби сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти бавуҷудомада андешаронӣ намуд.

Мавсуф таъкид кард, ки истиқлолияти давлатӣ сарнавишт, ифтихор ва масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи бисёр сангин ба шумор рафта, норасоии нақлиёт, ноустувории вазъи иқтисодӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, нофаҳмиҳо ва мухолифатҳои сиёсӣ зиндагии мардумро душвор гардонида буданд.

Ширин Қурбонова бо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои он давра иброз дошт, ки ба арсаи сиёсат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи навро оғоз бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсоз ба зиммаи Роҳбари нави кишвар масъулияти бузурги ҳифзи давлатдорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, таҳкими пояҳои мудофиавии мамлакат ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷгардидаи давлатӣ вогузор гардид.

Дар идомаи мулоқот муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова баромад намуда, ба нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Зикр гардид, ки маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ, хирадмандӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат барои расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Бахши дигари чорабинӣ ба суханрониҳои донишҷӯён бахшида шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад намуда, доир ба аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, арзиши истиқлолияти давлатӣ ва масъулияти насли ҷавон дар назди Ватан андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот Ширин Қурбонова ба як нуктаи ҷолиби таърихӣ ишора намуда, аз он ёд кард, ки ҳамагӣ 70 рӯз пас аз интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон вохӯрӣ анҷом дода буданд. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат ба неруи созанда, нақши иҷтимоӣ ва ояндаи насли ҷавон арзёбӣ гардид.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА