ИМКОНИЯТИ PYTHON ДАР ТАҲЛИЛИ МАЪЛУМОТИ БУЗУРГ Мастер-класс дар доираи озмуни «Беҳтарин барномасоз»
23 октябри соли 2026 дар доираи озмуни «Беҳтарин барномасоз», ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, аз ҷониби кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика дар мавзуи «Имконияти Python дар таҳлили маълумоти бузург» мастер-класс баргузор шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода оғоз ёфт. Зимни суханронӣ мавсуф таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва низомҳои иттилоотӣ азхуд кардани донишҳои муосир яке аз омилҳои муҳими омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба шумор меравад.
Халифазода бо ишора ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму технология ва тавсеаи имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, ҷавононро ба омӯзиши пайваста, такмили донишҳои касбӣ ва азхуд кардани технологияҳои муосир даъват намуд. Таъкид шуд, ки донишҷӯёни соҳаҳои иқтисод ва технология бояд на танҳо донишҳои назариявӣ дошта бошанд, балки тавонанд онҳоро дар ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самаранок истифода баранд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Воҳидов У. М. ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-31030602 - кибернетикаи иқтисодӣ, Абсаидзода Шаҳриёр, вобаста ба мавзуи мавриди назар маърӯза ва машғулияти амалӣ пешниҳод карданд.
Зимни мастер-класс имкониятҳои забони барномасозии Python дар коркард ва таҳлили маҷмуи бузурги маълумот шарҳ дода шуданд. Иштирокдорон бо аҳамияти истифодаи воситаҳои барномасозӣ дар муайян кардани тамоюлҳо, коркарди иттилоот ва омода намудани заминаи таҳлилии қарорҳои иқтисодӣ шинос гардиданд.
Сараввал мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Воҳидов У. М. ба ташреҳи аҳамияти мавзуи мавриди назар пардохта, дар зимн иброз дошт, ки омӯзиши Python барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ ва технологӣ яке аз самтҳои муҳими рушди малакаҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид кард, ки истифодаи воситаҳои муосири барномасозӣ дар таҳлили маълумоти бузург ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, барои ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодӣ қарорҳои асоснок пешниҳод кунанд.
Мудири кафедра ҳамчунин зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба барномасозӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт донистани забонҳои барномасозӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз талаботи муҳими бозори меҳнат табдил ёфтааст.
Абсаидзода Шаҳриёр зимни муаррифии мавзуъ иброз дошт, ки Python яке аз воситаҳои муосир ва серистифодаи барномасозӣ буда, дар таҳлили маълумоти бузург имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, бо истифода аз ин забони барномасозӣ метавон ҳаҷми зиёди маълумотро коркард намуда, нишондиҳандаҳои муҳимро муайян кард ва натиҷаҳои таҳлилро барои қабули қарорҳои асоснок истифода бурд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки азхуд кардани Python барои донишҷӯёни ихтисоси кибернетикаи иқтисодӣ аҳаммияти махсус дошта, дар рушди тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва малакаҳои амалии барномасозӣ нақши муассир мегузорад.
Python ба шарофати содагии омӯзиш ва мавҷудияти китобхонаҳои махсус барои таҳлили маълумот, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, молия, омор ва технологияҳои иттилоотӣ, васеъ истифода мешавад. Азхуд кардани чунин воситаҳо барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ заминаи мусоид ҷиҳати рушди малакаҳои рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва мутобиқ шудан ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин машғулиятҳои амалӣ ба таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи воқеӣ мусоидат намуда, барои ошкор кардани истеъдоди ҷавонон, рушди қобилияти эҷодӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба омӯзиши барномасозӣ замина мегузорад.
Озмуни «Беҳтарин барномасоз» низ дар ҳамин замина аҳамияти махсус дошта, баҳри муаррифии дониш, маҳорат ва иқтидори зеҳнии донишҷӯён, ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши технологияҳои муосир ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng