22 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯдухтарон аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади тарғибу эҳёи либоси миллӣ, гиромидошти фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ миёни ҷавонон ташкил карда шуд.

Дар доираи аксия донишҷӯдухтарон бо пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла чакан, атласу адрас ва дигар намунаҳои либоси суннатӣ, ҳусну тароват, назокат ва ҳувияти фарҳангии миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, таъриху тамаддун, завқи зебоипарастӣ ва ҳунари волои мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Он на танҳо рамзи зебоӣ ва назокат, балки нишонаи эҳтиром ба анъанаҳои ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз мансубияти миллӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои ниёгон нақши муҳим дошта, барои ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон мусоидат менамояд.

Донишҷӯдухтарон бо иштироки фаъолонаи худ нишон доданд, ки пӯшидани либоси миллӣ нишонаи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва эҳтиром ба суннатҳои неки гузаштагон аст.

Либоси миллии тоҷикӣ оинаи фарҳанг, таърих ва ҳунари миллати тоҷик буда, ҳар нақшу нигори он аз завқи баланди зебоипарастӣ ва маҳорати нотакрори гузаштагони мо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти либоси миллӣ ва тарғиби он дар байни ҷавонон вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Маҳбуба Ғафорова,

мутахассиси бахши кор бо духтарону занони ДДМИТ