Маълумотҳои худро эҳтиёт кунед
Дар робита ба мактуби Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли равон дирӯз дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз тарафи сармутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев бо иштироки донишҷӯён дарси фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Ҳангоми баромад Исматуло Ҷумаев қайд намуд, ки дар қатори пайдоиши воситаҳои осони пардохт, ба монанди корти бонкӣ, ҳамёнҳои (кошелёкҳои) электронӣ ва виртуалӣ, “Эпл-пэй” барои дорандагони “айфонҳо”-ҳо, криптоасъор, симкортҳои электронӣ, интернети моҳворавии “Старлинг”, зеҳни сунъӣ ва дигар воситаҳои технологӣ-амалҳои ҷинояткорона ва қаллобӣ, маблағгузории терроризм, қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ (отмывание денег) зиёд шудааст. Воситаи асосии содиркунии ин ҷиноят-суратҳисобҳои бонкӣ ва симкортҳое, ки ба номи шахси мушаххас ба қайд гирифта шудааст, мебошад.
Аз ин лиҳоз аз ҳамаи донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳеҷ гоҳ ва бо ҳеҷ баҳона корти имллӣ, суратҳисоб, ҳамёни электронӣ, рамзҳои махфӣ, маълумоти шахсӣ ва симкорти ба номи худ ба қайд гирифтаро ба шахсони дигар надиҳед ва нафурӯшед. Ҳатто агар онҳо дӯст, шинос ё нафарони ваъдадиҳандаи “даромади калон” бошанд.
Гуфта шуд, ки агар мабодо ҷиноятҳои болозикр тавассути корти бонкӣ, суратҳисоб ё симкорти ба номи шумо сабт гардида содир гардад, шумо низ новобаста аз донистан ё надонистанатон метавонед ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷинояти кашида шуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ то 20 сол ва зиёда аз он аз озодӣ маҳрум шавед.
Дар охир донишҷӯён баромад намуда ваъда доданд. ки ҳеҷ гоҳ ба хотири маблағи ночиз, обрӯ ва озодии худро зери хатар намегузоранд.
Баргузор намудани чунин машғулиятҳо имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳуқуқвайронкориҳо гирифта шуда, амният ва сулҳу суботи ҷомеа таъмин гардад.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng