10 октябри соли ҷорӣ субҳи барвақт дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт чорабинии бузурги варзишӣ - «Дави дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон» дар сатҳи бисёр баланд баргузор гардид. Ин ҳамоиши бошукӯҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон роҳандозӣ карда шуд.

Чорабинии мазкур дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими равобити дӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим доир гардид.

Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ ҳайати 200-нафараи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси ҳамбастагӣ фаъолона иштирок намуданд.

Иштироки фаъолонаи намояндагони ДДМИТ бори дигар собит месозад, ки ҷавонону омӯзгорони донишгоҳи мо дар ҷодаи илму маърифат, дастгирии сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва оммавигардонии тарзи ҳаёти солим низ ҳамеша пешсаф мебошанд.

Сиёвуш ҲАБИБЗОДА,

сардори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ