Рӯзи 11-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи асосии рушди қонунгузории миллӣ» доир гардид. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсияро ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдучаббор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор доранд. Ба истиқболи ин санаи таърихӣ дар тамоми муассисаву ташкилотҳои мамлакат чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ баргузор гардида, онҳо таҷассумгари эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошанд.

Воқеан, истиқлолият барои ҳар як давлат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарнавиштсозии миллӣ мебошад. Барои миллати тоҷик бошад, Истиқлоли давлатӣ оғози марҳилаи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории муосири миллӣ, таҳкими тафаккуру ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, эҷоди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва адолатпарвар гардид.

- Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон рӯзҳои бисёр душворро паси сар намуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат таъсири манфӣ расонд. Аммо бо иродаи қавии халқи тоҷик ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, замина барои рушди давлатдории миллӣ муҳайё шуд, - иброз дошт ректор.

Қонунгузории миллӣ дар солҳои истиқлолият бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ эҷод шуда, такмил ёфт. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бисёр санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардида, қонунгузории худро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд. Ин раванд махсусан, дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон аҳамияти калон дорад.

Дар рушди қонунгузории миллӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарии хеш Пешвои миллат роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократиро интихоб намуданд. Дар Муроҷиатномаи таърихии худ аз 12 декабри соли 1992 таъкид карда буданд, ки асосҳои қонунгузории Тоҷикистон бояд бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода шаванд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор қонунҳои дорои хусусияти миллӣ қабул гардиданд, ки дар таҷрибаи бисёр давлатҳо дида намешаванд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» барои танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва таҳкими фарҳанги миллӣ нақши муассир гузоштанд. Ин қонунҳо, пеш аз ҳама, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии исрофкорӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва таъмини тарбияи дурусти насли наврас қабул гардиданд. Натиҷаҳои амалии онҳо имрӯз дар ҷомеа равшан эҳсос мешаванд.

Истиқлолият, инчунин, барои эҳёи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик шароити мусоид фароҳам овард. Эҳтиром ба забони давлатӣ, ташаккули ҳофизаи таърихии миллӣ, омӯзиши мероси ниёгон ва рушди худшиносии миллӣ имрӯз дар сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат мавқеи муҳим доранд.

Дар қисми илмии конференсия як қатор олимону коршиносон бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Мирзозода Парвон Зайналобудин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқ»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ ва такмили қонунгузорӣ суханронӣ карданд.

Инчунин, Исмоилов Шавкат Маҳмудович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ дар мавзуи «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон: 30 соли ҳамбастагии илми иқтисод, ҳуқуқ ва таҷриба» маъруза намуда, саҳми донишгоҳро дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди афкори илмӣ муҳим арзёбӣ кард.

Ғаюрзода Шукрулло Кароматулло, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ дар такмили қонунгузории мамлакат» суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, Бобозода Ҷамрод Қурбон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ дар мавзуи «Саҳми олимони ватанӣ дар инкишофи қонунгузории мамлакат» маъруза намуд.

Дар ҷараёни конференсия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор баромад намуда, китоби дуҷилдаи худро таҳти унвони «Давлати миллии демократӣ» ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тақдим кард.

Ба гуфтаи муаллиф, ҳадафи асосии китоб муайян намудани асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии давлатдории миллӣ-демократӣ ва мутобиқсозии он ба воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Муаллиф таъкид намуд, ки давлатдории миллӣ бояд дар заминаи фарҳанг, забон, худшиносии миллӣ ва анъанаҳои таърихӣ устувор бошад.

Дар маҷмуъ, дар конференсия маърузаҳои зиёд аз ҷониби олимону муҳаққиқон ироа карда шуда, таъкид гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр эътироф гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши фаъол дорад.

Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худшиноси кишвар мебошад.

Дар фарҷоми конференсия ба иштирокчиён барои фаъолияти пурсамари илмӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлатдории миллӣ изҳори сипос карда шуд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА