8-уми майи соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бо иштироки волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-3 ҷаласаи васеъ таҳти унвони «Муваффақияти фарзанд ба тарбияи дурусти ӯ вобаста аст» доир гардид.

Дар ҷаласа сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Кӯҳзод Шодиев, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷаъмахон Ҷангиев, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов, инчунин, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет Ёрибек Тилабов оид ба аҳамияти ҳамкории муассири донишгоҳ ва волидайн дар таълиму тарбияи донишҷӯён суханронӣ намуда, таъкид кард, ки назорати доимии волидайн, риояи интизом, иштироки фаъолона дар дарсҳо ва эҳтироми устодон аз омилҳои муҳими муваффақияти донишҷӯён ба шумор мераванд.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи асосии устодони донишгоҳ роҳнамоӣ, таълим ва тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи илму маърифат мебошад.

Сипас, Кӯҳзод Шодиев доир ба таҳкими робитаи волидайн бо донишгоҳ ибрози назар намуда, қайд кард, ки донишҷӯён дар марҳилаи муҳими ташаккули шахсият қарор доранд ва нақши оила дар ин раванд бисёр муҳим аст. Номбурда вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан гуфта, афзуд, ки: «Донишҷӯён танҳо ба дониш не, балки ба тарбия ва дастгирии ахлоқӣ низ эҳтиёҷ доранд».

Дар идома Сиёвуш Ҳабибов иброз дошт, ки муҳити солими оилавӣ, муносибати эҳтиромона ва дастгирии пайвастаи волидайн дар ташаккули шахсияти донишҷӯ нақши муҳим доранд. Ҳар ҷавон вақте эҳсос мекунад, ки оила ӯро мефаҳмад ва дастгирӣ менамояд, дар таҳсил фаъолтару масъулиятшинос мегардад.

Дар анҷоми ҷаласа волидайни донишҷӯён аз хобгоҳ ва китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуда, бо шароити зисти фарзандонашон ва хизматрасонии китобхона аз наздик шинос шуданд.

Бино ба иттилои эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев, баргузории чунин вохӯриҳо барои таҳкими ҳамкории донишгоҳ ва волидайн мусоидат намуда, дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯён нақши муассир мегузорад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА