Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ-идеологӣ ва илмӣ-назариявиро баргузор намояд.

Мизи мудавваре, ки рӯзи 22 апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ зери унвони “Истиқлолияти давлатӣ - пояи устувори таҳкими иқтисоди миллӣ” баргузор гардид, идомабахши ҳамин силсилатадбирҳо буд.

Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович оғоз бахшида, зикр намуд, ки истиқлолият барои ҳар як миллат арзишмандтарин неъматест, ки тақдири таърихии онро муайян месозад ва роҳнамои рушди ояндааш мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд, ки аҳли ҷомеа зери сарварии Пешвои хирадманди худ бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ ба сохтмони давлати миллӣ камар бастанд. Тайи 35 сол кишвар роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд, ки дар он дастовардҳои бузург бо заҳмату талоши халқи шарафманд ба даст омадаанд.

Мавсуф дар идома афзуд, ки тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаи иқтисод тадбирҳои муассир андешида шуданд, ки ба рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор мусоидат намуданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо имконият дод, ки минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҳам пайваст шуда, шароити зиндагии мардум беҳтар гардад. Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ Тоҷикистонро ба як кишвари дорои имкониятҳои васеи энергетикӣ табдил медиҳад.

Ҳоло, ки мо дар арафаи таҷлили пуршукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизамон фурсати муносибест ба роҳи тайнамудаи кишвар назар афканда, дастовардҳоро холисона арзёбӣ намояд ва барои ояндаи дурахшон нақшаву лоиҳаҳои нав таҳия намояд. Зеро гиромидошти ин санаи таърихӣ на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки нишонаи заҳмату талоши як миллат барои бунёди давлати ободу пешрафта мебошад.

Меҳмони ҳамоиш - муовини сардори Сарраёсати макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷалолзода зимни баромади хеш дар мавзуи “Дастовард ва имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ” иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи иқтисодиёти ҷаҳони муосир дар самти таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои муайянеро пеш гузоштааст, ки хоси марҳилаи рушди иқтисоди миллии кишвар буда, дар меҳвари он ҳадафҳои созандаву бунёдкоронае чун баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат қарор доранд. Дар натиҷаи марҳила ба марҳила татбиқ намудани ҳадафҳои мазкур Њукумати кишвар дар самти тањияи стратегия ва барномањои соњавї, рушди иљтимоию иќтисодї, таъмини устувории макроиќтисодї, баланд бардоштани сатњи некўањволии мардум ба дастовардњои назаррас ноил гардидааст. Тавре аз оморҳо бармеояд, ба ҳолати 31 декабри соли 2025 дар кишвар 258 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ татбиқ гардида истодаанд.

Номбурда дар идомаи суҳбат афзуд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегияи миллии рушди кишвар имкон медиҳад, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ асосноку баробар таъмин карда шаванд. Ҳамзамон, он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 35-солагии соҳибистиқлолии онро ҷашн мегирем, имкон медиҳад, то дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол карда, дар ояндаи наздик на танҳо раванди истеҳсоли молу хизматҳоро ба роҳ монад, балки яке аз содиркунандагони маҳсулоти ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва рақобатнок дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардад. Бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол таҳаввулот ва ҷаҳишҳои бузурги иқтисодӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ интизор аст.

Абдухолиқ Фатҳуллозода - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар маърузаи худ зери унвони “Марҳилаҳои амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр намуд, ки ҳамасола дар Паём масъалаҳои калидии сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ қарор мегиранд. Ҳамзамон, Паём ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалии таҳияи стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим хизмат намуда, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, тартиб дода шуда, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.

Гуфта шуд, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар се давраи миёнамуҳлат бояд амалӣ гардад, аз ҷумла:

  1. Давраи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020);
  2. Марҳилаи рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025);
  3. Марҳилаи ба анҷом расонидани индустриализатсияи босуръат ва ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (солҳои 2026-2030).

Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи амалишавии ду марҳилаи ин санади муҳимро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки: «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд».

Ва ниҳоят соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

Мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Манижа Исайнова дар маърузаи худ “Таъмини амнияти озуқаворӣ: мавҷудият ва дастрасӣ ба ғизои солим” зикр намуд, ки амнияти хӯрокворӣ, амнияти озуқаворӣ ин ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад. Дар баробари ин, амнияти озуқаворӣ бахши ҷудонопазири солимии миллат ба ҳисоб меравад.

Беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрока вазифаи асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар кишвар мебошад. Амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, вазъи иқтисодӣ, ҳадафи сиёсати кишоварзӣ ва иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории мамлакат таъмин мегардад.

Дар идома изҳор гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои муҳимми “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб меёбад. Соҳаи саноати хӯрокворӣ яке аз бахшҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба шумор рафта, рушди он барои таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти истеъмолӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар идома мавсуф иброз дошт, ки солимии аҳолӣ бойгарии давлат мебошад ва ҳифзи амнияти хӯрокворӣ вазифаи ҳамаи мақомоти назоратии кишвар ба шумор меравад. Дар барномаҳои давлатӣ стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии мардум дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақсади асосӣ баланд бардоштани истеҳсолот ва сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Сифатнокии молу маҳсулот яке аз масъалаҳои асосии амнияти хӯрокворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дониста мешавад. Бо назардошти ҳамин муҳимият, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намудаанд.

Сипас, устодони донишгоҳ ва меҳмонони ҳамоиш Баҳодур Раҳимзода, Суннатулло Нуриддинов, Ҷовидон Халифазода, Зиёиён Абдулло, Муҳаммад Ҷалолзода ва Манижа Исайнова ба музокира баромада, аз идомаи бунёдкориҳову созандагиҳо ва ҳадафҳои стратегии мамлакат зери раҳнамоиву ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самтҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи саноатикунонии босуръати сиёсати миллӣ муҳокимарониҳо намуданд.

Дар фароварди мизи мудаввар ба меҳмонон Абдулло Зиёиён - муовини сардори Сарраёсати савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Ҷалолзода - муовини сардори Сарраёсати макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдухолиқ Фатҳуллозода - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун анъана туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ