ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ
Афзудани ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии муассисаи таълимӣ заминаи муҳим гузошта, ба болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир мусоидат менамояд.
Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи роҳбарият ба устодони унвондор пайваста афзоиш ёфта, сафи олимони ҷавон дар донишгоҳ сол то сол бештар гардида истодааст. Ин раванд барои пешрафти фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва рушди муҳити илмии муассиса заминаи мусоид фароҳам меорад.
Санаи 21-уми апрел дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-109 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии ДДМИТ Матлабшоҳ Ҳакимзода таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аъзои вобастаи АМИТ Лутфулло Саидмуродзода рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Тақвияти амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи такмили низоми идоракунии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (дар мисоли бахшҳои иҷтимоии осебпазири иқтисодиёти миллӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051002 - амнияти иқтисодӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Дар шароити муосир, новобаста ба сатҳи тараққиёти низоми иҷтимоию иқтисодӣ, афзоиши нобаробари сатҳу сифати зиндагии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, бекорӣ, нокифоягии истеҳсоли молу хизматҳои аҳаммияти иҷтимоидошта, мураккабии ҳамгироии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ба фазои иқтисодию иҷтимоӣ дида мешавад.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи назарраси аҳолии мансуб ба гурӯҳи осебпазир, аз ҷумла маъюбон, занон, ки аз равандҳои муҳоҷират зарар дидаанд, инчунин онҳое, ки ба таъсири манфии муҳити зист дучор шудаанд, хос мебошад.
Мутаассифона, механизмҳои анъанавии дастгирии иҷтимоии давлат ба маҳдудиятҳои назаррас дучор мегардад, ки ин зарурати фаъол гардонидани нақши ташкилотҳои ғайритиҷоратиро дар ҷомеа ҳамчун институти ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими амнияти иқтисодӣ муайян мекунад.
Дар пасманзари гузариш ба иқтисодиёти индустриалию аграрии ба инноватсияҳо асосёфта, чунин ба назар мерасад, ки мукаммалгардонии фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратии тамоюли иҷтимоидошта, дар баробари ҳаллу фасл гардидани дигар мушкилоти ҷомеа, ба сатҳи таъмини амнияти иқтисодӣ метавонад таъсири мусбат расонад.
Бояд қайд кард, ки таҳқиқоти мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва амалӣ буда, барои татбиқи натиҷаҳои он муаллиф як қатор тавсияҳои илман асоснок пешниҳод намудааст.
Устодону кормандони донишгоҳ Матлабшоҳ Ҳакимзодаро бо ин дастоварди муҳими илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ барору комёбиҳо таманно менамоянд ва изҳори умед мекунанд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур дар амалия татбиқ гардида, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳанд кард.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng