КИТОБХОНА - МАХЗАНИ ДОНИШ ВА МАЪНАВИЁТ
Китобхона ганҷинаи ҳикмати бузургест, ки ҳар кас ба ин даргоҳи илму маърифат ворид гардад, ба дунёи рангину зебои дониш ва маънавиёт ҳамроҳ мешавад. Дар оилае, ки китобхонӣ арзиш дорад, фарзандон бомаърифат, донишманд, хушахлоқ, худшинос ва ватандӯст ба воя мерасанд. Китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, махзани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Агар ба оинаи таърих назар афканем, мебинем, ки тоҷикон дар тули таърих ба китобдорӣ, китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдории китоб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.
Ҳамин буд, ки 18-уми сентябри соли равон бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор, як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултетҳои молия ва қарз, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, ба узвияти он шомил шуданд.
Донишҷӯён зимни боздид онҳо бо имкониятҳои китобхона, тарзи истифодаи захираҳои он ва хизматрасониҳои гуногун барои хонандагон шинос шуданд.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Китобхонаи миллӣ барои хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Чунончи, Китобхона дар таҳияи феҳристи электронӣ саҳм гирифта, беш аз 50 ҳазор номгӯйи китобҳои тозанашрро ба ин васила дастраси хонандагон гардонидааст.
Ҳамчунин, аз моҳи апрели соли 2004 дар Китобхонаи миллӣ толори нави нуқтаи хизматрасонии модулӣ барои донишҷӯён созмон дода шудааст, ки дорои беш аз 15 ҳазор китоби тозанашри фаннӣ мебошад. Аз ин толор ҳамарӯза шумораи зиёди хонандагон истифода мебаранд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng