ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ
Дар доираи чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон, шарҳу тавзеҳи моҳияти суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсонӣ бо донишҷӯёни соли аввал вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултет София Темурбекова, мудири кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Фирдавс Соҳибов ва намояндаи раёсати ташкиливу тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Декани факултет София Темурбекова зимни суханронӣ донишҷӯёни соли аввалро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, онҳоро ба омӯзиши пайваста, риояи интизоми таълимӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи муассисаи таълимӣ ва аз худ намудани донишҳои муосир ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки мутахассиси оянда бояд дорои ҷаҳонбинии васеъ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошад.
Фмирдавс Соҳибов дар идомаи вохӯрӣ оид ба нақши донишҷӯ дар ҷомеа, зарурати муносибати масъулона ба таҳсил ва риояи қоидаҳои дохилии муассисаи таълимӣ андешаҳои худро баён намуд. Солҳои донишҷӯӣ яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият буда, аз ҳар як донишҷӯ талош, масъулиятшиносӣ ва истифодаи дурусти вақти худро талаб мекунад.
Намояндаи раёсати ташкиливу тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова бошад, ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Мудири кафедраи информатикаи амали дар иктисодиёт Яъқуб Ҳасанзода афзуд, ки донишҷӯёни соли аввал дар ин давра ба муҳити нави таълимӣ ворид шуда, барои ба даст овардани донишҳои муосир, аз худ намудани касбу ихтисоси интихобкарда ва муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа имкониятҳои васеъ пайдо мекунанд.
Дар идома масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳми насли ҷавон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба фарҳанги муошират, муносибати эҳтиромона байни донишҷӯёну омӯзгорон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъулияти ҷавонон дар назди оила, ҷомеа ва Ватан низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng