МАСТУРА БӮРИЕВА МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!
7-уми сентябри соли равон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кормандони касбу кори гуногун барои фаъолияти содиқонаю самарабахш ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин радиф, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадрдонӣ аз заҳматҳои чандинсола ва фаъолияти самарабахш ба Мастура Бӯризода, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон медали «Хизмати шоиста» супорида шуд.
Ин мукофоти давлатӣ эътирофи хизматҳои содиқона ва фаъолияти арзандаи Мастура Бӯризода дар назди давлату миллат буда, барои кормандон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти чандинсолаи Мастура Бӯризода дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намунаи таҷрибаи ғании касбӣ, фаъолияти пурсамари илмӣ ва садоқат ба соҳаҳои маорифу иқтисод ба шумор меравад.
Мастура Бӯризода аз соли 1999 инҷониб дар вазифаҳои гуногуни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тули солҳои корӣ барои рушди соҳа ва тарбияи мутахассисони соҳибихтисос саҳми арзанда гузоштааст.
Дар тули фаъолияти пурсамари худ Мастура Бӯризода ҳамеша ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳми сазовор гузошта, дар тарбияи садҳо шогирд нақши муассир дорад. Шогирдони ӯ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла маорифу илм, иқтисодиёту молия, идоракунии давлатӣ ва маркетинг, фаъолияти босамар намуда, мақому мартабаи шоистаи худро пайдо кардаанд.
Кормандон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Мастура Бӯризодаро ба ин дастоварди арзанда самимона табрику муборакбод гуфта, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ саломатии бардавом, неруи тоза, барору комёбиҳо ва дастовардҳои нави меҳнатӣ таманно доранд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng