Тибқи нақшаи чорабиниҳои факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 26 апрели соли 2026 донишҷӯёни курсҳои якуми ихтисоси 1-26010302 таҳти роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Савриддин Ятимов бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси миллӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумии Қалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд.

Зимни сафар донишҷӯён аз ёдгориҳои таърихии ин макони бостонӣ, аз ҷумла дарвоза ва деворҳои қадимаи Қалъаи Ҳисор, осорхонаҳо, мадрасаҳо ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуда, оид ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти фарҳангии онҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Ҳисор яке аз марказҳои муҳими таърихиву фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, дорои таърихи ҳазорсола мебошад.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин, ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд. Донишҷӯён аз ин сафар таассуроти хуб бардошта, онро барои худ омӯзанда ва хотирмон арзёбӣ карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия