МАЗМУНИ МАРКЕТИНГИ БОНКӢ ВА УНСУРҲОИ ОН
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ 29-уми апрели соли равон тибқи нақшаи кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз таҳти унвони «Бонкдор» дар мавзуи “Мазмуни маркетинги бонкӣ ва унсурҳои он” маҳфили илмии донишҷӯён доир гардид.
Нахуст, таҳти роҳбарии Манзура Толибова, ассистенти кафедраи фаъолияти бонки донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-25010402 кори бонкӣ Наргис Тилозода ва Фархунда Холиқова маъруза намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи маркетинги бонкӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои мутобиқ кардани бонк ба талаботи бозори сармоя, таҳияи системаи тадбирҳои омӯзиши бозор, зиёд кардани рақобат ва даромаднокӣ мебошад.
Маркетинги бонкӣ як қисми фаъоли идоракунии бонк мебошад, ки хусусияти он системаи махсуси муносибатҳои иқтисодӣ барои коркард ва истифодаи маҷмуи иттилооти мушаххас барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии бонк тавассути қонеъ кардани талабот ва ниёзҳои муштариён мебошад.
Маркетинги бонкӣ ба таҳлили имкониятҳои бозории бонк асос ёфтааст, ки таҳқиқоти маркетингӣ ва муайян кардани мавқеи бонкро дар бозори сармояи қарзӣ дар бар мегирад.
Дар анҷом роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра Сорбон Шарбатов, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ ба устодон ва донишҷӯён ҷиҳати иштирокашон дар маҳфил арзи сипос намуда, ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng