15-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои донишҷӯёни курсҳои якум дар мавзуи «Амнияти молиявӣ ва одатҳои муфиди шахсӣ» мастер-класси омӯзишӣ баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фахриддин Убайдов ифтитоҳ намуда, аҳаммияти баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ва ташаккули малакаҳои дурусти идоракунии маблағҳои шахсиро таъкид кард. Сипас, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, доктори фалсафа (PhD), дотсент Садриддин Шарипов оид ба аҳаммияти амнияти молиявӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ суханронӣ намуд.

Қисмати амалӣ аз ҷониби донишҷӯи курси чоруми ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ Умедҷон Азизов, ғолиби ҷойи дуюми Олимпиадаи байналмилалии амнияти молиявӣ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия баргузор гардид.

Зимни мастер-класс ӯ роҳҳои ҳифзи кортҳои бонкӣ ва пасандозҳо, пешгирии қаллобии интернетӣ, банақшагирии буҷети шахсӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳоро шарҳ дод. Ҳамчунин, таҷрибаи худро оид ба омодагӣ ба олимпиадаҳои байналмилалӣ ва роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои илмӣ бо донишҷӯён мубодила кард.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия