ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
17-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ислоҳоти институтсионалӣ, рақамикунонӣ ва механизмҳои таъмини рушди устувор» доир гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди низоми иқтисодӣ, рақамикунонии соҳаҳои идоракунӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, истифодаи низомҳои иттилоотӣ ва татбиқи механизмҳои самараноки таъмини рушди устувор ибрози назар кард.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир такмили низоми идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Фирдавс Асатулло зимни маъруза дар мавзуи «Нақши хизмати давлатӣ дар такмили низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши хизмати давлатиро дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ ва таҳкими иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Қайд гардид, ки рушди низоми хизмати давлатӣ, такмили малакаю маҳорати касбии хизматчиён ва истифодаи усулҳои муосири идоракунӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашуров дар мавзуи «Саноатикунонии босуръат: ҳолати муосир ва масъалаҳои ҳалталаб» баромад кард.
Номбурда раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи саноат дар даврони истиқлоли давлатӣ ва масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи онро таҳлилу баррасӣ намуд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт як қатор консепсияҳо ва стратегияҳои муҳими давлатиро қабул ва амалӣ намуд.
Ҳамзамон, раванди саноатикунонии кишвар дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳлил гардида, ба дастовардҳо, имкониятҳои мавҷуда ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда барои таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ заминаи муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи конференсия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Раҳимзода Баҳодур Карим китоби нави худро таҳти унвони «Сиёсати иқтисодии Эмомалӣ Раҳмон» ба иштирокчиёни конференсия муаррифӣ намуд.
Муаррифии китоб ба масъалаҳои омӯзиши сиёсати иқтисодӣ ва аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ дар баррасии равандҳои рушди иқтисодии кишвар бахшида шуда, барои шиносоии иштирокчиён бо асари нави муаллиф ва табодули афкор замина фароҳам овард.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Усмонова Туфа Ҷумаевна дар мавзуи «Намудҳои имконпазири фишангҳои идоракунӣ барои таъмини суботи макроиқтисодӣ» маъруза пешниҳод намуд.
Дар маъруза масъалаҳои марбут ба истифодаи фишангҳои идоракунии иқтисодӣ, танзими равандҳои макроиқтисодӣ ва муайян намудани роҳҳои самараноки таъмини суботи иқтисодӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҳамоиш олимон ва мутахассисони соҳа доир ба самтҳои муҳими рушди низоми идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёти кишвар маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуда, аҳаммияти истифодаи донишҳои илмӣ ва таҷрибаи муосирро дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.
Дар муҳокима сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода ва мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Хуршед Давлатов баромад карданд.
Савринисо ДАВЛАТОВА,
муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng