НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲО
Қабл аз оғози конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ислоҳоти институтсионалӣ, рақамикунонӣ ва механизмҳои таъмини рушди устувор», ки 17-уми октябри соли равон дар толори конференсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, намоиши дастовардҳои илмию эҷодӣ ва навовариҳои донишҷӯён ташкил карда шуд.
Дар намоиш намунаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳияҳои эҷодӣ ва дастовардҳои донишҷӯён, ки бозгӯи сатҳи дониш, маҳорат, қобилияти эҷодӣ ва ташаббускории онҳо мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Муаррифии чунин дастовардҳо имкон фароҳам овард, ки меҳмонон ва иштирокдорони конференсия бо натиҷаҳои фаъолияти таълимию илмии донишҷӯён, иқтидори зеҳнии ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоӣ шинос шаванд.
Дар конференсия муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Фирдавс Асатулло, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Ихтиёр Саидович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ Раҳимзода Баҳодур Карим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Усмонова Туфа Ҷумаевна, муовинони ректори донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, сардорони шуъбаю бахшҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Савринисо ДАВЛАТОВА
Тоҷ
Рус
Eng