Бо мақсади иҷрои нақшаи кории нуқтаи тиббии Раёсати хоҷагии ДДМИТ ва таъмини риояи талаботи муоинаи ҳатмии даврии тиббӣ аз 23 то 25-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор муоинаи ҳатмии тиббии омӯзгорону кормандони донишгоҳ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои ҳамшираи калони тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳокимова, муоинаи тиббӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии ҷомеа ва шаклҳои асосии назорати вазъи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирии бемориҳои мавсимӣ ва сироятӣ ҳамасола омӯзгорону кормандони ДДМИТ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳашт мутахассис, аз ҷумла табибони бемориҳои дарунӣ, пӯст, занона, гӯшу гулӯ ва бинӣ, асаб, чашм, сил, инчунин мутахассиси ташхиси хун барои муайян намудани RV, омӯзгорону кормандонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд.

Зимни муоина мутахассисон ба омӯзгорону кормандон оид ба риояи тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил ва нашъамандӣ машварату тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА