ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
21-уми ноябри соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам - рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони садорати факултет ва кормандони раёсати ташкилию тарбиявӣ иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ андешаронӣ карданд.
Ҳамоишро декани факултет Наврӯз Умарзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки тибқи таҳқиқоти бостоншиносон, таърихи парчами тоҷикон на камтар аз 4500 солро дар бар мегирад. Парчам дар ҷомеаи муосири тоҷик муқаддас маҳсуб ёфта, муаррифгари давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлоли мо мебошад.
Имрӯз Парчами миллии мо дар баробари парчамҳои дигар давлатҳо дар саҳни созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозӣ ва рӯҳбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатӣ дар ҳақиқат нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз муҳимтарин василаҳои тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.
Сипас, сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев дар мавзуи таърихи ташаккул ва таҳаввули парчами тоҷикон аз даврони қадим то имрӯз суханронӣ намуда, иброз дошт, ки парчам аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу шаҳомат, ифтихор ва нангу номуси миллӣ ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ донишҷӯёни факултет бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ ва суруду шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng