Пас аз анҷоми ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта ва бошукӯҳи устодону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар ин роҳпаймоии идона устодону донишҷӯён бо Парчамҳои давлатӣ дар даст, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, зери фазои сулҳу субот, озодиву истиқлол ва ваҳдати миллӣ қадам зада, муҳаббату садоқати худро ба Ватани азиз ва муқаддасоти миллӣ иброз доштанд.

Ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, таҷассумгари истиқлолу озодӣ, нангу номус ва ҳастии миллат буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, донишандӯзӣ ва садоқат ба Ватан дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия