Бо мақсади гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, байни донишҷӯёни факултетҳои таркибии ДДМИТ мусобиқаи волейбол бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Дар мусобиқа донишҷӯёни 7 факултет фаъолона иштирок намуда, маҳорати варзишӣ, чолокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди дастаҷамъонаи худро нишон медиҳанд.

Чунин чорабиниҳои варзишӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими дӯстӣ байни донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба ҳаёти солиму фаъол нақши муҳим доранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия