НИЗОМИ ПУЛӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ
Санаи 24 октябри соли равон тибқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии факултети молия ва қарзи донишгоҳ дарси кушод дар мавзуи «Низоми пулӣ ва ҷузвҳои таркибии он дар муносибатҳои иқтисоди бозорӣ» доир гардид. Дарсро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ Шариф Раҳимзода баргузор намуда, дар он масъалаҳои муҳимми марбут ба низоми пулӣ ва намудҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти дарс Шариф Раҳимзода мафҳуми низоми пулӣ, хусусиятҳои асосии он, шаклҳои пул, воҳиди пулии миллӣ, гардиши пул, шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ, низоми эмиссияи пул ва нақши бонки марказиро дар ташкили муомилоти пулӣ шарҳ дод. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба нақши пул дар рушди иқтисодиёт, таъмини устувории пули миллӣ, танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва таъсири низоми пулӣ ба сатҳи таваррум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дарси кушод дар сатҳи зарурии таълимию методӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани донишҳои назариявӣ, ташакули тафаккури иқтисодӣ ва дарки аҳамияти низоми пулӣ дар муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мусоидат намуд. Мазмуни дарс ба мақсадҳои таълимӣ мувофиқ буда, барои таҳкими донишҳои касбии донишҷӯён аҳамияти назарас дошт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng